Мақоми омузгор

1.1 Дастурамали вазифавии директор, муовинони директор ва роҳбари синфи муассисаи таҳсилоти умумӣ (минбаъд-Дастурамал) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст.

1.2 Дастурамали мазкур вазифаҳои хизматии директори муассисаи таҳсилоти умумӣ, муовинони директор ва роҳбари синфро ба таври мушаххас муайян намуда, ба фаъолияти муназзам ва самараноки муассисаи таълимӣ мусоидат менамояд.

1.3Таҳия, тақсими дуруст ва мақсадноки вазифаҳои хизматӣ байни директор ва муовинони ӯ ҷиҳати самаранок идора намудани муассисаи таълимӣ, дуруст ба роҳ мондани назорати дохили муассисаи таълимӣ, банақшагирии раванди таълиму тарбия, алоқаи байни муассисаи таълимӣ ва падару модари хонандагон ва дигар самтҳои муҳимми фаъолияти муассисаи таълимӣ мусоидат менамояд.