Вазифаҳо

Вазифаҳои хизматии роҳбари синф

6.1 Роҳбари синф бевосита тобеи муовини директор оид ба корҳои тарбия буда, дар фаъолияти худ Консгитугсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома ва Оинномаи муассисаи таълимӣ, фармошпҳо ва супоришҳои директори муассисаи таълимӣ оид ба масъалаҳои тарбия ва дигар санадҳои •меъёрии ҳукуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад.

6.2 Роҳбари синф аз ҳисоби омӯзгорони дорои таҳсилоти олӣ ва ё миёнан касбӣ, бо пешниҳоди муовини директор оид ба корҳои тарбия, аз тарафи директори муассисаи таълимӣ таъйин ва озод карда мешавад.S6.3. Барои инкишофи фардӣ ва ташаккули маънавии хонандагон шароити мусоид фароҳам меоварад.

6.3 Мунгазам бо хонандагони синфи ба ӯ вобасташуда корҳои тарбия бурда, барои инкишофи шахсият ва амалӣ гардидани майлу рағбати хонандагони синф ба донишандӯзӣ мусоидат менамояд.

6.4 Барои ҳар як хонандаи синф шароити муфиди маънавшо психологӣ фароҳам меоварад.

6.5 Барои дар хонандагон ташаккул додани малакаи муошират ва ҳалли масъалаҳои ба миён омадаи байни хонандагон, омӯзгорон ва волидайн ёрӣ мерасонад.

6.6 Худгарбиякунӣ ва ташаккули шахсияти хонандагонро раҳнамоӣ менамояд.

6.7 Ба фаъолияти таълимии хонандагон роҳбарӣ намуда, сабабҳои паст будани дониши хонандагонро ошкор сохта, баҳри бартараф кардани онҳо чораҷӯйӣ менамояд.

6.8 Ба воситаи маҳфилҳо, клубҳо, сексияҳо, иттиҳодияҳое, ки дар муассисаи таълимӣ, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва ҷойи истиқомат ташкил карда мешаванд, ба гирифтани таҳсилоти иловагӣ ёрӣ мерасонад.

6.9 Фаъолияти коллективи синфро мутобиқ ба хусусиятҳои шавку завқи хонандагон ва талаботи замон тачдиди назар намуда, мунтазам соатҳои тарбия мегузаронад.

6.10 Хукуқ ва озодии хонандагонро ҳифз менамояд.

6.11 Дар байни хонандагони синф ташвиқи ҳаёти солимро ба роҳ монда, чорабиниҳои варзишию оммавиро, ки боиси мустаҳкам шудани саломатии хонандагон мегарданд, мегузаронад6

6.12 Тибқи тартиботи ҷорӣ хуҷҷатгузории синфро ба роҳ монда, пур кардани рӯзномаи хонандагон ва баҳогузориро дар он назорат мекунад.

6.13 Бо падару модарон (ё шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) алоқаи зич барқарор намуда, дар асоси нақша мунтазам ҷаласаи падару модаронро мегузаронад.

6.14 Корҳои тарбиявиро дар синф ба нақша мегирад ва ба шароити зисти кӯдакон дар оила шинос мешавад.

6.15 Ба роҳбарияти таълимгоҳ оид ба ҳар як нохушии рӯхдода фавран хабар расонида, дар ҳолати зарурӣ ёрии аввали тиббӣ мерасонад.

6.16 Оид ба бехатар гузаронидани чорабиниҳои тарбия ба хонандагон дастур дода, дар журнали синфӣ ё журнали дастурдиҳӣ қайд мекунад.

6.17 Бо хонандагон омӯзиши ҳифзи меҳнат, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, муоширати рӯзгор ва ғайраро ташкил менамояд

6.18 Барои ҳар сол ё барои ҳар як чоряк нақшаи кории тарбия тартиб медиҳад. Ба муовини директор оид ба корҳои тарбия аз самти фаъолияти кори худ 5 рӯз пеш аз ҷамъбасти чорякҳо ва нимсолаи чоряк ҳисобот пешниҳод менамояд.

6.19 Мунтазам маҳорати педагогии худро сайқал дода, дар кори Шӯрои педагогӣ, фаъолияти итгиҳодияи методӣ ва дигар намудҳои корҳои методӣ ширкат меварзад.

6.20 Дар муассисаи гаълимӣ, ҷойхои ҷамъиятӣ меьёрҳои одобу ахлоқро, ки ба мавқеи педагог дар ҷамъият хосанд, риоя менамояд.

6.21 Барои ҳаёт ва саломатии хонандагони синф дар вақти гузаронидани чорабиниҳои гуногун ҷавобгар мебошад.

6.22 Шароити хонандагонеро, ки дар оилаҳои носолим тарбия меёбанд, зери назорат гирифта, ба роҳбарияти муассисаи таълимӣ мунтазам гузориш медиҳад.

6.23 Ба омӯзгорон, волидайни хонандагон (ё шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) робитаи зич барқарор намуда, оид ба масъалаҳое, ки дар ваколати ӯ қарор доранд, ба маъмурият ва кормандони педагогӣ масъалагузорӣ мекунад.

6.24 Барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро пакардани талаботи Оиннома ва тартиботи дохили мсҳнатии таълимгоҳ, супоришҳои қонунии директори муассисаи таълимӣ ё дигар санадҳои меъёрӣ, вазифаҳои хизматӣ, ки дастуруламали мазкур пешбинӣ кардааст, тибқи талаботи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

6.25 Барои истифодаи методҳои таълим, ки бо зӯроварӣ, ё худ зӯроварии рӯҳӣ ба шахсияти хонанда, инчунин содир кардани дпгар намуди рафтори бадахлоқона роҳбари синф аз вазифаи ишғолкардааш дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.