Вазифаҳо

З.Вазифаҳои хизматии муовини директор оид ба рҳои таълимко

3.1 Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовара Муовини директор оид ба корҳои таълим дар фаъолияти худ Конститутсияи ва фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома ва Оинномаи муассисаи таълимӣ, фармоишҳо ва супоришҳои директори муассисаи таълимӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маорифро ба роҳбарӣ мегирад.

3.2 Роҳбарии раванди таълимро дар муассисаи таълимӣ мутобиқ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар боло номбаршуда ба роҳ мемонад.

3.3 Фармоишҳои директорро оид ба масоили ташкили ҷараёни таълиму тарбия ва шахсони мутасаддӣ йҷро менамояд. Муовини директор оид ба Даълим^ ба,, кори омӯзгорони фаннӣ, омӯзгорони таълимй иловагӣ, гурӯҳҳои машғулидташ бардавом, Щӯрои методӣ ва роҳбарони иттиҳодияҳои мётодии фаннӣ бевосита роҳбарй менайояД.

3.4 Муовини директор оид ба корҳои таьлим Кбнвенсияи ҳуқуқи кӯдакро риоя менамояд.

3.5 Фаъолияти ҷорӣ ва дурнамои коллективи педагогиро ба нақша гирифта, иҷрои онро таъмин менамояд. - '

3.6 Нақшаи кори омӯзгорон ва дигар кормандони педагогиро ба нақша ва барномаҳои таълимӣ мутобиқ менамояд.

3.7 Таъмини иҷрои нақшаҳои таълимӣ йа барномаҳои таълимиро зери назорати ҷиддӣ қарор дода, аз натиҷаи он дар як сол ду маротиба ба Шӯрои педагогӣ ахборот пешниҳод менамояд.

3.8 Назоратро мунтазам аз болои сифати раванди таълим ба роҳ монда, дар давоми соли таҳсил на кам аз 170 соат ба дарсҳои омӯзгорон иштирок намуда, натиҷаи таҳлили дарсҳоро ба самъи омӯзгорон мерасонад.

3.9 Раванди омодагӣ ва гузаронидани аттестатсияи хатм ва аз синф ба синфгузарониданро тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд.

3.12 Корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни падару модарон ташкил намуда, оид ба масъалаҳои ташкили раванди таълим бо онҳо (ё шахсоне, ки онҳоро иваз менамояд) ҳамкорӣ мекунад.

3.13Ба кормандони педагоги оид ба таъмин намудани талаботи барномаи таълим ва пакшаҳои тақвимию яксоата ёрӣ мерасонад.

3.14 Ҷадвали дарсҳо ва дигар намудҳои фаъолияти таълимию тарбиявиро (аз он ҷумла фаъолияти истироҳатию фароғатӣ, сари вақг ва сифатан иваз намудани дарсҳои омӯзгорони муваққатан набударо таъмин намуда, дафтари баҳисобгирии дарсҳои нагузашта ва ивазшударо) ташкил менамовд

3.15 Ҳуҷҷатгузории муқаррарии ҳисоботиро таъмин намуда, сари вақг дафгардории омӯзгорон ва фаъолияги роҳбарони гурӯҳи машғулияташ бардавомро назорат мебарад.3.16.3.17.

3.18 Ба коллективи хонандагон дар гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ-равшаннамоӣ ва солимгардонӣ ёрӣ расонида, ҷобаҷогузории кадрҳои педагогӣ, такмил ва баланд бардоштани такмили ихтисоси онҳо саҳм мегирад.

3.19 Барои ташаккули ҷараёни таълим дархост ва пешниҳод ирсол намуда, дар кори Шӯрои педагогӣ ташкилу гузаронидани аттестатсияи омӯзгорон ва дигар кормандони педагогӣ ишгирок менамояд.

3.20 Ҷадвали аз курсҳои такмили ихтисос ва аз аттестатсияи навбатӣ гузаронидани омӯзгоронро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод менамояд.

3.21 Оид ба ҷиҳозонидани кабинетҳои таълимӣ ва кабинети методии муассисаи таълимӣ саҳмгузорӣ намуда, бо маводи таълимии муосир, аёниятҳо, васоити техникии таълимии муосир ғанӣ гардонидани китобхонаи муассисаи таълимӣ бо маводи таълимию методӣ, адабиёти тозанашри бадеӣ, маҷаллаю рӯзномаҳо тадбирҳо меандешад.

3.22 Барои риоя намудани меъёр ва қоидаҳои ҳифзи меҳнат дар раванди таълим тадбирҳо меандешад.

3.24 Раванди таълим ва ҷамъбасти чорякҳорро зери назорат гирифта, аз натиҷаи он дар Шӯрои педагогӣ ҳисобот медиҳад.

3.25 Нақшаи тақвимии омӯзгоронро аз назар гузаронида, пас аз баррасӣ дар иттиҳодия ва Шӯрои методӣ барои тасдиқ пешниҳод менамояд.

3.26 Дар асоси маводи пешниҳоднамудаи муассисаи тандурустӣ бо нишондоди далелҳо рӯйхати шахсонеро, ки мунтазам аз назорати духтур бояд гузаранд, тартиб дода пешниҳод мекунад.
3.27 Дар ибтидои соли таҳсил оид ба ҳифзи меҳнат, инчунин талаботҳои техникаи бехатарӣ ва нишондодҳои методӣ ҷиҳати мунтазам гузаронидани корҳои лабораторӣ машваратҳои дастурдиҳӣ мегузаронад.

3.28 Дар ҳамкорӣ бо ташкилоти иттифоқи касаба ва муовини директор оид ба корҳои хоҷагӣ назорати маъмурию ҷамъиятии бехатарии истифодабарӣ, нигоҳдошти асбобҳои таълимӣ ва таҷҳизот, реактивҳои химиявӣ, аёният ва мебели муассисаи таълимиро зери назорат нигоҳ медорад.

3.29 Сари вақт барои аз истифода баровардани реактивҳои химиявӣ, маводи таълимӣ, рӯйхати асбобу анҷомҳое, ки мавҷудияти онҳо дар муассисаи таълимӣ манъ аст, аз он ҷумла асбобҳои худсохт, ки дар устохона ва дигар кабинетҳо бе санади дахлдор мавҷуданд, барои коллективи омӯзгорон, хонандагон ва дигар кормандони муассисаи таълимӣ хавфноканд, тадбирҳои мушаххас меандешад.

3.30 Ҳолатҳоеро, ки ба омӯзгорон, хонандагон ва дигар кормандони муассисаи таълимӣ хавф дорад, ошкор намуда, барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш чораҳо меандешад.

3.31 «Дафтари қайди пешгирии ҳодисаҳои нохуш бо хонандагон»-ро ташкил мекунад. 3.32 Дар ҳолатҳои зарурӣ ба ҷадвали дарсҳо муваққатан тағйироту иловаҳо ворид намуда, иваз намудан ва якҷоя кардани зергурӯҳҳоро аз тарафи омӯзгорон зери назорати доимӣ қарор медиҳад.

3.33 Таҷрибаи омӯзгорони пешқадам, навовар ва эҷодкорро омӯхта, бо пешниҳоди Шӯрои педагогӣ тарғиб мекунад.

3.34 Дар давраи рухсатӣ ва ё муваққатан корношоям будани муовини директор оид ба корҳои таълим вазифаҳои хизматии вай ба зиммаи муовини директор оид ба корҳои тарбия ва ё яке аз муаллимони таҷрибадор „гузошта мешавад. Иҷрои вазифаҳои муваққатӣ дар ин гуна мавридҳо бо риояи талаботи қонунгузорӣ оид ба меҳнат сурат мегирад.