2.1. Директори муассисаи таҳсилоти умумӣ роҳбарии умумиро оид ба фаъолияти муассисаи таълимӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома ва Оинномаи муассисаи таълимӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
2.2 Аз болои риояи интизоми меҳнат, иҷрои уҳдадориҳои вазифавии кормандони муассисаи таълимӣ назорат намуда, вазифаи хизматии худ ва муовинонро муайян ва тасдиқ менамояд.
2.3 Лоиҳаи Оинsномаи муассисаи таълимиро дар Шӯрои педагогӣ баррасӣ намуда, барои тасдиқ ба шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ пешниҳод мекунад.
2.4 Хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷавиро ба иақша гирифта, дар мувофиқаю ҳамкорӣ бо Шӯрои ҷамъиятӣ, Шӯрои сарпарастон, кумитаи падару модарон, Шӯрои педагогӣ онҳоро самаранок истифода мебарад.
2.5 Интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои педагогӣ ва хизматгузорро таъмин менамояд.
2.6 Фаъолияти муассисаи таълимиро барои 5 сол (дурнамо) ва соли таҳсили ҷорӣ ба нақша мегирад.
2.7 Ба комиссияи тарификатсионӣ роҳбарӣ намуда, ҳар моҳ варақаи бақайдгирии рӯзҳои кории кормандонро тасдиқ менамояд.
2.8 Сметаи хароҷот ва ҷадвали воҳидҳои кориро тибқи муқаррароти қонунгузорӣ таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод менамояд.
2.9 Иҷрои ҳама гуна супоришҳо, дархост, мактубҳои расмӣ, муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятиро зери назорат қарор дода, баррасӣ ва арзёбӣ менамояд.
2.1 Барои татбиқи нақшаи таълим, таъмини талаботи барномаҳои таълим ва сифати дониши хонандагон масъул мебошад.
2.2 Шӯрои педагогии муассисаи таълимиро дар ду моҳ ва ҷаласаи назди директорро дар асоси нақшаи солона моҳе як маротиба мегузаронад.
2.3 Иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи- кистон «Дар бораи маориф», Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаро назорат ва амалӣ менамояд.
2.4 Фаъолияти корҳои хоҷагию маъмуриро ба роҳ монда, таъмини иҷрои онҳоро зери назорат мегирад.
2.5 Супоришу дастурҳои Президенги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи маориф, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои раисони шаҳру ноҳия, раёсат ва шуъбаҳои маорифро ба самъи .■.оллективи смӯзгорон расонида, иҷрои онҳоро таъмин менамояд.
2.6 Ҳисоботи муовинон, мудири китобхона, муҳосиб, хазинадор ва омӯзгоронро дар бораи фаъолият ва ё иҷрои вазифаи хизматиашон мешунавад.
2.6 Нақшаи кори Шӯрои методӣ, иттиҳодияҳои методӣ, созмонҳои хонандагон ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятиро мавриди омӯзиш, таҳлил ва баррасӣ қарор дода, тасдиқ мекунад.
2.7 Комиссияи аттестатсионии муассисаро ташкил ва роҳбарӣ карда, сари вақт аз аттестасия гузаронидани коллективи педагогиро ба нақша мегирад ва иҷрои онро таъмин менамояд.
2.8 Аттестатсияи аз синф ба синфгузаронидан ва хатми хонандагонро тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда, барои аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон ва сайқал додани маҳорати касбии онҳо тадбирҳои мушаххас меандешад.
2.9 Ба ташаккули ҷаҳонбинии илмии хонандагон ва омодагии онҳо барои дохил шудан ба муассисаи таҳсилоти оли ва миёнаи касбӣ мусоидат менамояд.
2.10 Дар мувофиқа бо падару модарон ба таҳсили кӯдакони синну соли муассисаи таълимӣ мусоидат намуда, ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, бахусус кӯдакони бепарастор ва кӯдакони оилаҳои камбизоатро ҳимоя мекунад.
2.11 Хонандагонеро, ки бо амалҳои содиркар- даашон ба ҷараёни таълиму тарбия халал расонида, тартиботи дохили таълимгоҳро вайрон мекунанд, тибқи талаботи Оинномаи муассисаи таълимӣ ба ҷавобгарии интизомӣ мекашад.
2.12 Дар давоми соли таҳсил на кам аз 70 соат ба дарсҳои омӯзгорон иштирок намуда, натиҷаи таҳлили дарсҳоро ба самъи омӯзгорон мерасонад.
2.13 Вобаста ба ихтисос рафти иҷрои барномаи таълим, сатҳи сифати таҳсилот ва донишу малакаи хонандагонро аз як ё якчанд фанни таълим назорат мекунад.
2.14 Дар доираи талаботи қонунгузорӣ бо АВО, кумитаи падару модарон, сарпарастон ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамкорӣ мекунад.
2.15 Дар доираи салоҳияти худ ва дар асоси қарори Шӯрои педагогӣ фармоиш медиҳад.
2.16 Барои ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод намудани муовинони директор ба мақомоти маҳаллии идоракунии маориф пешниҳод манзур менамояд
2.17 Дар давраи рухсатӣ ва ё муваққатан корношоям будани директор вазифаҳои хизматии вай ба зиммаи муовини директор оид ба корҳои таълим ва ё муовини директор оид ба корҳои тарбия гузошта мешавад. Иҷрои вазифаҳои муваққатӣ дар ин гуна мавридҳо бо риояи талаботи қонунгузорӣ оид ба меҳнат сурат мегирад.